БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАНҶИ НОЁБ АСТ

АНДЕША. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ  ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ҳалқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳёи давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибҳираду соҳибэҳтиром буда, рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили ҳешро дошта бошад.

Бо шарофати ин ҳадяи тақдир Тоҷикистони азизи мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Вале, мутаассифона бо иллати бетаҷрибагии давлатӣ ва фиребу найрангбозиҳои бадхоҳони берунӣ, кишвари ҷавони мо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, то ба ҷое расид, ки бародар душмани бародар гардид. Дар ин давраи тақдирсоз давлати ҷавони мо ба озмоиши бисёр сангин ва зарбаи вазнини таърих дучор гардид.

Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили давлати соҳибиҳтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоиста буд. Албатта, барои ба ин ҷараёни созанда ноил шудан, аз фарҳангу маънавиёти ниёгони худ сабақ омӯхта, аз таҷрибаи ҷаҳони муттамаддин баҳра бардоштем.

Дар тӯли 30-сол барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ҳазорҳо километр роҳҳои нави замонавӣ сохта шуд, ки Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои дунё пайваст менамояд. Ин роҳҳо Ҷумҳуриро ба мамолики Осиёи Марказӣ ва бандарҳои ҷаҳонӣ пайваст намуд. Барои ба даст овардани Истиқлолияти энергетикӣ садҳо неругоҳҳои барқи хурду миёна сохта ба истифода дода шудааст. Дар муддати 30 соли истиқлолият дар бахшҳои мухталифи ҳоҷагии ҳалқ дигаргуниҳои назаррасе ба амал омада, корхонаҳои нави саноатӣ иншоотҳои дигари аҳамияти миллӣ дошта арзи ҳастӣ намуданд. Мардуми шарафманди ноҳия дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲҲДТ ва қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳуриро сармашки кори ҳуд намуда, таҳти сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни бузург фидокорона меҳнат намуда истодаанд.

Илҳом Даминов, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg