БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН- ДАВОМДИҲАНДАГОНИ ҲАДАФҲОИ ОЛӢ

АНДЕША. Мо ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзем, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошем, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ занем ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрию суҳбатҳои хеш бо мардум, алалхусус дар Паёмҳои ҳамасолаи хеш ба ҷомеаи кишвар дар бораи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба илму дониш, ҳунаромӯзӣ ва корҳои ободонию созандагӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Бояд қайд кард, ки маҳз бо шарофати хизматҳои абармард халқи беш аз 1000 сол дар таърих дур афтодаро бо хиради азалӣ, равшанфикрӣ, бо дилу дидаи пок аз сари нав ҳамчун миллати соҳибтамаддун ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид карда, миллати дар гирдоби обу оташ бударо аз нобудшавӣ наҷот дод.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2005  дар вохӯрӣ сокинони кишвар қайд карда буданд, ки: « Шумо - ҷавонон барои тақдири имрўзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар душ доред».

Суханҳои мазкур аз ҳар як ҷавон масъулияти баландро дар пешрафти кишвари соҳибистиклоламон тақозо менамояд.муҳтарам Пешвои миллат барои ба илмомӯзӣ ва донишазхудкунии наврасону ҷавонон дар дохил ва хориҷ аз кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, шароити заруриро муайян намуда истодаандл, ки онҳо оянда мутахассиси хуб шуда, ба халқу милати худ хизмат намояд.

Маҳбубияте, ки имрӯз Пешвои миллат дар миёни мардуми кишвар, хусусан дар миёни ҷавонон дорад, маҳз натиҷаи захматҳои баҳри пойдории ваҳдати милли, сулҳу субот ва ободии сокинони Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷомеаи имрўза дар кори соҳаҳои мухталифи милли мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳими пешбарандаи ҷомеа буда, истифодаи васеи технологияи муосир метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медињанд. Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.

Мо ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем ва дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон обод, зиндагиамон осуда шуд. Вақте ки мо ҷавонони соҳибистиқлол ба дунё чашм кушодаем, халқи мо ба орзўи деринаи худ – истиқлолият расида буд. Мо ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зара хок ва ҳарқатра обе, ки Яздони пок ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем. Дар ҳақиқат ҳам созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст, ҷавонон ояндаи имрўзу фардои давлату миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри ин суханони Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумуи Ватанамон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта ба Ватану модар ва миллатамон хизмат кунем.

Дар интиҳо ҳамаи ҳамватанони аҳзизро ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.

Рухшонаи Шералӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонони шаҳр”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg