БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи "COVID-19" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Атавуллоев»-и  ҷамоати шаҳраки Панҷ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, барои риояи қоидаҳои ҳатмии беҳдоштӣ, алалхусус риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, безарурият набаромадан аз хона ба шаҳрвандон фаҳмонида, ба онҳо маслиҳату тавсияҳои мушаххас доданд, ки батаҳлука наафтанд ва  инчунин аз ҷониби масъулини ҳизб  ба сокинони маҳалла ниқобҳои тиббӣ, варақаҳои иттилоотӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg