ҶАЙҲУН. Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани корҳои ободонӣ ва зебогардонӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, бо ибтикор ва ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” аксияи “Тозагии маҳал” амалӣ гашта, гирду атрофи роҳи асосии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ аз ҳар гуна ифлосиҳо ва алафҳои худрӯй тоза карда шуда, бехи дарахтон ва симпояҳои дар атрофи роҳбуда сафед карда шуд.
Қобили зикр аст, ки тибқи гуфтаҳои масъулини ташкилоти ибтидоии болозикр чунин иқдомҳои неку зебогардонӣ дар дигар ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия бо маром идома хоҳанд ёфт, ки ин амал ба зебогии ноҳия симои дигаре зам хоҳад намуд.