КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бойгонии минтақа” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур кормандони масъули ҳизбӣ Саъбагул Валиева, Дилноза Шоева, раиси ташкилоти ибтидоӣ Нурализода Сафар ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби ҳизбиён зикр гардид, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Марвриди зикри хос аст, ки дар фаҷоми вохӯрӣ роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи пайвастаи ғояҳои созандаи ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуд.