ВОСЕЪ. Дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Восеъ чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома доранд. Ин навбат чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба ин ҷашни фархунда дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули ҳизбӣ, намояндагони Ҷамоати деҳоти Тугарак, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, фаъолон ва хурду бузурги деҳа фаъолона иштирок намуданд.
Сараввал масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ дидан намуда, сипас баромадкунандагон ҳозиринро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон оромиву осудагӣ ва фазои сулҳу суботро таманно намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинии мазкур сокинони деҳа рақсу хурсандӣ намуданд ва дар охир якчанд нафар фаъолони бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.