АНДЕША. Истиқлолият ҷашни озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ ва рушду тараққии ҷомеа, ҷашни шукуфоии кишвари азизи мост! Он барои мо барои мо озодӣ, шукуфоӣ, падидаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ, оѓози бунёдкориҳои тоза, нусратҳои ҷадид овард. Хушбахт фардест, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилиҳо лаззати соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолиро дарк намояд.
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш бо дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
(Иқбол)
«Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст».
Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз тавонистем дастовардҳои хуберо соҳиб шавем.
Сокинони мамлакат шукронаи истиқлолияти Тоҷикистонро карда, дар пайи ободии диёр, шукуфоии Ватан, таҳкими истиқлолияти кишвар, баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз намуда, дар як муддати кутоҳ сарсабзу хуррам ва ободу зебо, хуштарҳу намунавӣ ва дар радифи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҷой гирифт.
Пешвои муаззами миллат ҳаққонӣ моро моро ҳушдор дода таъкид месозанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст; онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст».
Ваҳдату истиқлол бақои давлату миллати мост. Онро бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Биё эй ҳамватан то ҳамқадам бо Пешво бошем,
Барои сулҳу озодии миллат ҷонфидо бошем.
Намоем ҳифз озодиву Истиклоли миллатро,
Барои сулҳу озодӣ парафшон чун ливо бошем.
Қурбонгул Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон