АНДЕША. Дар таърихи тоҷикону Тоҷикистони азизамон ҳамеша дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, бародарӣ, иззату ҳурмат ба якдигар меҳмондӯстӣ пойдор буд ва ҳаст.
9-сентябр Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки ин санаи таърихӣ барои миллати тоҷик ҷашни махсуси шодиёна ба ҳисоб меравад. Ҳамин истиқлолият сабаб шуд, ки халқи тоҷик аз азобу машаққатҳои ҷанги бародаркушии бавуқуъомада озодиро ба даст овардаанд.
Шукронаи абармарди худодод мекунем, ки ба сари давлатамон сарварӣ доранд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти боору номуси миллат, мушфиқу ғамхор, ки ба ятимону маъюбон умуман ба ҳамагон меҳрубон аст. Мо хурсанд аз он ҳастем, ки чунин Сарвари худодод дорем.
Маҳз бо шарофати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари Тоҷикистон сулҳ, шодию сурур, бунёдкорӣ ва созандагӣ пойдор шуд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ аз тарафи сарвари ғамхору меҳрофаринамон бунёд гардидааст.
Имрӯзҳо ман ҳамчун шаҳрванди шаҳри Бохтар фахр аз он мекунам, ки чунин Сарвари ғамхору меҳрубон дорам, ки кишвари ободу зебо ва соҳибистиқлол дар партави ҷаҳон номбардор дорам.
Нарматова Нафиса, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон