БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РОҲИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ!

АНДЕША. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.

30-сол муқаддам миллати куҳанбунёди мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне Истиқлолияти давлатӣ ноил гардидем, ки ҳоло тамоми мардуми кишварамон ҷаҳду талош доранд, ки ин ҷашни бошукӯҳро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд. Дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни шукӯҳманд мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди Тоҷикистон буда, бо меҳнати софдилона сазовор истиқбол намудани он рисолати ватандорӣ, ифтихори миллии ҳар яки мост. Мо дар арафаи ҷашни муқаддасу миллӣ, 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизу ягона қарор дорем. Маҳз 30-сол муқаддам миллати куҳанбунёду тамаддунофари мо ба неъмати бузурги сарнавиштсоз, истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки имрӯз мо мардуми шарафманду меҳнатқарини Вахшонзамин, низ чун тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ин падидаи бебаҳоро бо шукӯҳу шаҳомат ва дастовардҳои хуби меҳнатӣ таҷлил менамоем.

Мусаллам аст, ки дарки амиқи моҳияти истиқлолияту озодӣ барои пойдории давлат ва бақои миллат аҳамияти фавқулода дорад. Зеро маҳз ин неъмати бузурги худодод барои ҳар яки мову шумо имкон фароҳам овард, ки номаи тақдири худро бо дасти худамон нависем ва ба хотири фардои ободу осудаи худ заҳмат кашем. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳамаи камиву костиҳо ва мушкилоти зиндагӣ дар муқоиса бо неъмати истиқлолу озодӣ ҳеҷанд. Зеро миллате, ки истиқлолу озодӣ дорад ва ихтиёри давлатдорӣ дар дасти худаш аст, имконият ҳам дорад, ки масъалаву мушкилоти зиндагиро худаш ҳаллу фасл намояд.

Тоҷикистон дар пояи сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сулҳу сафо ва меҳру вафо вирди забони ҳамагон гаштаанд.

Илҳом Даминов, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg