АНДЕША. Ниёгони мо ҳанӯз зиёда аз 1100 сол пеш анъанаву суннатҳои давлатдорӣ ва орзуҳои волои миллӣ, ки дар меҳвари давлатии муттамарказии Сомониён ташаккул ва густариш ёфтаанд, шуҳрат пайдо карда буданд. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи деринааш ҳудро маҳз ба шарофати афкору андеша, забон, илму фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои ғоявӣ ба оламиён ҳамчун халқи фарҳангсозу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ ва хайрхоҳу таҳаммулгар муаррифӣ кардааст.
Имрӯз вақте сухан аз боби истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ меравад беихтиёр манзараҳои он рӯзҳои даҳшатбор, манзилҳои сӯхтаю валангор, заминҳои бе обу бе кишт монда, мардуми сарсону саргардон ва чеҳраҳои маҳзуну ноумед пеши назар намоён мегарданд. Албатта, 30 сол дар назди таърих як лаҳза аст, вале барои мо тоҷикистониён ин солҳо қиммати чандин асрро доранд. Зеро ин солҳо барои ин ҳалқи кӯҳанбунёд давраи муборизаву талошҳо, ҷустуҷувӯ бозёфтҳо санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ дар назди таърих ва аҳли башар буданд. Ва шукрона мекунем, ки аз ин имтиҳони ҷиддӣ бо сарварии Роҳбари давлатамон сарбаландона баромадем.
Таҳлили воқеъбинонаи 30 соли сипаригардида нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳ ва рушди босуботи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Њизби Халќии Демократии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши асосию марказӣ доштанд, ҳамчун як роҳбари мардумӣ ва Пешвои миллат сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, наҷоти давлату миллатро таъмин намуданд.
Айни ҳол кишвари соҳибиҳтиёри тозабунёди моро беш аз 150 мамлакати муттарақии дунё эътироф намуда, ба расмият мешиносанд. Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмони миллали муттаҳид, созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва аъзои 35 адад ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои кишварҳои дигари дунё дар назди бинои Созмони миллали муттаҳид партафишонӣ мекунад.
Воқеан истиқлолият барои ҳар халқу миллат сарвати ниҳоят арзишманд буда, ҳастиву бақои миллату давлат ва озодиву сарфарозии ҳар як фарди ҷомеа ба он алоқаманд аст.
Аз ҳамин хотир мардуми шарафманди тоҷик истиқлолиятро муқаддас мешуморанд ва барои ҳифзу таҳкими он бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият ҷидду ҷаҳди ватандӯстона менамоянд.
Салимова Сабоҳат, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш