БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Китобхонаи марказии ноҳия бо иштироки масъулин, раиси Кумитаи иҷроия ва бонувони фаъолу занони собиқадор чорабинии идонаи фарҳангӣ зери унвони “Нақши бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” баргузор гардид.

Сараввал масъулин аз намоииши ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, мудири китобхонаи марказии ноҳия Имомзода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи арзиш ва дастовардҳои даврони Истиқлол, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, дастгириҳои Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ибрози андеша намуд. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола ҳозиринро бо ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, аз омадагиҳо барои ин ҷашни пурифтихор, дастовардҳо ва пос доштани муқадассоти миллӣ, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, суханронӣ намуд. Мудир шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Моҳинави Қурбонмад низ вобаста ба мавзуи “Нақши бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирию таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат зани тоҷик тавонист соҳиби ҳуқуқу мақому манзалти баланд бошад.

Зимни баргузории чорабинӣ чанде аз занони собиқадор бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолият ва миннатдорӣ аз Пешвои миллат ақидаҳои худро иброз доштанд. Дар қисмати хотимавӣ бошад, занони собиқадор ва бонувони фаъол бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg