БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ободонии Ватан саҳмгузор бошем

ЁВОН. Чанде қабл бо иштироки аҳли заҳмати деҳаи Дарагии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия М. Солиҳов оид ба ободонии маҳал, сабзу хуррамгардонии он, тоза намудани ҷӯйю заҳбурҳо, сафед намудани девору атрофи манзилҳои истиқоматӣ, иштирок ва саҳм гузоштан дар созандагию ободонӣ, тарбияи дурустӣ фарзандон, тарғиби арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ғайра андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, аз ҷониби М.Солиҳов оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла ВИЧ/СПИД, роҳҳои гузариши он, пешгирии аз паҳншавии ин бемориҳо, пешгирии таваллуд дар хона андешаронӣ карда шуд.

Дар охири маҷлиси мазкур дар назди деҳаи Дарагӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муборакқадам» таъсис дода шуда, Маҳмудов Салоҳиддин раиси ташкилот интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg