БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУАЛЛИМӢ ИШҚ АСТ!

Наҳли пайвандӣ биорад меваи шаҳду шакар,

Панди устодон диҳад шогирдро дунёи зар.

АНДЕША. Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати раиятпарваронаи хеш ҳамеша таъкид менамояд: “Ман дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар ҷойи аввал мегузорам”.

 Ман аз он хушбахтам, ки солҳостдар ҷодаи дӯстдоштаам фаъолият дорам. Хушбахт аз онам, ки ҳар рӯз метавонамчеҳраҳои мунаввари кӯдакони зеборо бубинам ва чашмҳоям нур бигиранду қалбам сурур.

Бинобар ин, ман ҳамчун муаллим доимо мекӯшам, ки ба дарсҳо бо тайёории хуб назди шогирдон дароям. Зеро гуфтаанд, ки омӯзгор худ чун шамъ сӯхтан, шамъҳои иравшантар меафрӯзад, ки шамъҳо ҷаҳонро равшанӣ мебахшанд.

Шамъ шав, шамъ, ки худро сӯзӣ,

То ба он базми касон афрӯзӣ.

Абр шав, то ки чу борон резӣ,

Ба гулу хас ҳама яксон резӣ.

Дар симои шогирдон ояндаи миллат, қудрати созандагию тавоноӣ, муҳаббати беандозаи инсониро мебинам. Аз ин рӯ, пайваста кушиш ба харҷ медиҳам, ки онҳоро мисли фарзандони худ дӯст дорам ва дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намоям. Мо омӯзгорон вазифадорем, ба шогирдон одоби муоширати байни ҳамдигарӣ, эҳтироми калонсолон ва меҳру муҳаббатро биомӯзонем.

Муаллим дарсро оғоз бинмуд,

Дари шодӣ ба рӯям боз бинмуд.

Маро аз бехудӣ ҳушёр гардонд,

Зи хоби ғафлатам бедор гардонд.

Мусаллам аст, омӯзгор онгоҳ шарафёб мегардад, ки ҳамеша бо волидони шогирдон дар тамос бошад. Дар навбати худ падару модарон муваззафанд, ки мунтазам ба мактаб омада, аз хониши фарзандонашон огоҳӣ ёбанд. Аммо падару модароне низ ҳастанд, ки чун фарзандонашон вориди мактаб шуд, дигар уро фаромӯш мекунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки тамоми таълиму тарбия бардӯши муаллимон вогузор шудааст, вале сарчашмаи шакл гирифтани шуур ва зеҳни кудак ба волидайн марбут аст. Яъне нахустин мактаби кӯдак оила аст.

Мо медонем, ки санъати омӯзгор аслан дар вақти дарс гузаштан зоҳир мегардад, агар он дар талабагон завқ пайдо кунад. Бале, ҳар дарс аз таҷрибаи ҳаёти омӯзгор, маҳорати педагогии он вобастагии асосӣ дорад. Ба падару модарон ва хонандагон мегӯям, ҳеҷ гоҳ аз серталабии устод наранҷанд. Сахтгирии устод, серталабию қатъияту сахтдилии устод ин ҳама лутфи самимӣ ба шогирд аст, ки ба тезӣ ҳис намешавад ва он ба мурури замон ва гузашти айём ҳис мешавад. Агар устод ҷабр кунад, ҷабри ӯ пур аз меҳру муҳаббат аст, ки Шайх Саъдии бузургвор фармудааст:

Подшоҳе писар ба мактаб дод,

Лавҳи симинаш дар канораш ниҳод.

Лавҳи симинаш навишта бар зар,

Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.

Ба хонандагон тавсия медиҳам, ки агар хоҳед аз дониш хубтар баҳравар шавед, бештар ба китоб рӯ биоред. Зеро китоб натанҳо аниси кунҷи танҳоӣ аст, балки барои инсон мисли тиреза дар хона аст, ки равшаниро роҳ медиҳад. Аз ҳакиме пурсиданд, ки кадом кор (ихтисос) савоби бисёр дорад. Ҳаким гуфтааст, ки омӯзгорӣ ва фаррошӣ, зеро ки омӯзгор қалби инсонро тоза мекунад, фаррош бошад пеши роҳи инсонро.

Оре, омӯзгорӣ касби пуршараф аст, агар омӯзгор худаш ба донишу маллака ва таҷрибаи бойи омӯзгорӣ мусаллаҳ бошад. Ғайр аз ин, раванди тарбия бояд тавре ташкил карда шавад, ки хонандагон онро ҳис кунанд ва меҳнати онҳо аз тарафи падару модарон ва омӯзгорон каме қадрдонӣ карда шавад.

Оид ба нақши омӯзгор дар ҷомеа Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ гуфтаанд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад”. Воқеан хам, омӯзгор шахсест, ки бо тамоми ҳиссиёт ва заҳмат саҳми беназири худро барои таълиму тарбияи насли наврас мегузарад. Муаллим тарбиятгар, раҳнамо ва қувватбахшандаи нерӯи зеҳнии фарзандони мост. Бузурге фармудааст:

Муаллимро Худованд эътило дод,

Ба гетӣ изу шону иртиқо дод.

Муаллим ходими халқи ҷаҳон аст,

Муаллим вориси пайғамбарон аст.

Бузургмарде дуруст фармуда: “Муаллимӣ касб нест, муаллимӣ ишқ аст, агар онро воситаи рӯзгузаронӣ қарор додаӣ, раҳояш кун, агар ишқи туст, муборакат бошад”. Оре, дуруст гуфтааст, муаллимӣ ишқест, ки ба қалби инсоне, ки воқеан ин касбро дӯст медорад, ворид мегардад ва дигар ҳамеша бо ӯ мемонад. Муаллимӣ ишқ аст, ишқе, ки сарчашмааш дӯст доштани кӯдакон аст.

Умаралӣ Юсупов,  омӯзгори МТМУ №8-и ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg