БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ХОИНОНИ МИЛЛАТ НАФРАТ ДОРЕМ!

ВОКУНИШ. Дини мубини Ислом дини покиву озодагӣ буда, бояд ҳар бандаи мусалмон сурату сирати худро низ ба он мувофиқат намояд. Бо вуҷуди фармудаҳои Қуръону ҳадис ва таъкидҳои Пешвои миллат дар қаламрави ҷумҳурӣ афроде ҳанӯз ҳам пайдо мешаванд, ки ба ҳар гуна созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда шомил гардида, номи Ислом, Ватан ва давлатро доғдор мекунанд. Мо ба ин гуна нафарони ватанфурӯш ва хоингардида нафрат мехонем. 

Дар тӯли қариб се даҳсолаи охир ташкилотҳои  террористию ифротгароӣ ба кишвари азизамон сар халонида, бо ба дом афтонидани иддае аз ҷавонони роҳгумкардаи тоҷик вазъи кишварро то андозае ноором сохтанд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки аз аҳкоми ислом комилтар огоҳ гаштани ҳар як сокини ҷомеа бар манфиати кор буда ва он ҳеҷ бадие надорад, вале омилҳое ҳастанд, ки зери идеологияи динӣ ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мақсаду ниятҳои нопоки худро амалӣ кардани мешаванд. Дар ин ҳолат омӯзиши динӣ ба ҷои фоида, ба ҷомеа бештар зарару зиён мерасонад.

Ҷанги хунини бародаркуши солҳои 90-умро ҳама дар ёд доранд, ки чӣ гуна аз номи Ислом истифода бурда бунёдгузорони ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзати ислом садҳо ҳазор сокини осоиштаи кишваро қурбонии ин дассиса намуданд.

Ҳарчанд созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистие, ки ҳадафҳою ғаразҳои палидашонро зери ниқоби ислом пӯшиш медиҳанд, то андозае фаъолияти хешро дар миқёси ҷумҳурӣ ба роҳ монданӣ шуда бошанд ҳам, хушбахтона, талошу заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти қудратии кишвар буд, ки созмону гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуда, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо манъ карда шуд. Мақомотҳои қудратӣ дар баробари ин  дар доираи қонун фаъолияти пурсамар бурда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷоннок намуда, монеъи роҳи густариши ақидаҳои ифротӣ ва экстремистӣ мегарданд.

Набояд фаромўш кард, ки маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад.

Вале пайравони аҳзоби  ифротгаро ҳатман барои бурдани таблиғоту ташвиқот ва зиёд намудани аъзои ҳизбашон аз хоҷагонашон музд мегиранд ва хабару иғвоҳои беасосро тариқӣ шабакаҳои иҷтимоии инретернет, ки айни замон истифодаи он маъмулӣ шудааст, паҳн менамоянд.

Мо ҷавонон ба сару садоҳо ва дассисаву фитнаҳои беасоси душманони миллат,  вокуниши саривақтӣ нишон медиҳем. Дигар ба ин бозиҳои ниқобпўши ин номардон дода намешавем. Ҳамарӯза бо шукргузорӣ аз замони тинҷу ором ва ободу зебои давлати худро ба ҷо меорем. Давлату ҳукумат барои озодии виҷдони ҳар як шаҳрванди мамлакат тамоми имконоту шароитҳоро муҳайё сохтааст.

Бо роҳбарии Сарвари хирадпеша ва зери Парчами Истиқлолият роҳи худро интихоб намудаем ва ба он раҳсипорем.

Ғафуров Сайдамир, узви гурӯҳи таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg