БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУРУД, АФҒОНИСТОН!

Дуруд, эй ХОҲАРИ  шуҷои афғон,

Дуруд, эй БОНУИ матини афғон,

 

Дуруд, эй ХОҲАРИ  шуҷои афғон,

Дуруд, эй БОНУИ матини афғон,

Дуруд, эй  ЗАНИ  ҷасури афғон,

Дуруд, эй МОДАРИ шердили афғон!

АНДЕША. Абдуллозода Саёҳат ҳастам, яктан ЗАНИ  тоҷик, як МОДАРИ тоҷикистонӣ, ки натавонистам нисбати тақдири шумо бетафовут бошаму чизе нагӯям, билохира ҷасорат кардаму қалам ба даст гирифта, дарди дили занону хоҳарон ва модарони  муштипари афғонро ғуссаи хеш дониставу ғамшарикатон гаштам.

Имрӯз  ҳеҷ ҳадду сарҳаде мову шуморо аз ҳам ҷудо карда наметавонад, ҳарчанд шумо афғонистонию ман тоҷикистонӣ ҳастем, зеро мову шумо ҳаммарому ҳамдилу ҳамзабон ҳастем ва мақсаду мароми мо тавлиду тарбияи фарзандони фарзона ва дар арсаи сиёсат дар баробари мардон қадам гузоштан аст. Мо як занем, як хоҳарем, як модарем ва билохира баъд аз Худованд офаридгор дар рӯи замин ҳастем.

Толибу роҳиб, олиму муаллим, шоиру моҳир, шоҳу гадо зода ва тарбиятёфтаи домони сабзи модаранд.

Дардо, ки имрӯз шумо даҳшатзадаву даҳшатдида ҳастед ва гоҳо ояндаро норавшан мебинед. Овора ба ҳар кӯҳу биёбон гаштаеду хонаҳотон бароятон ҷаҳанам гаштаву толиби силоҳбадаст молики марг. Дарду дареғо, ки ин ҳама даҳшатро шумо бо чашми хеш мебинед.

Ҳуқуқҳои шумо  поймол шудаву  иштирокатон дар ҷодаҳои гуногун маҳдуд гаштааст, духтаронатон аз дабистонҳо ва  хоҳаронатон аз сиёсату фоъолият дур мондаанд.

Ман мегӯям, ки як зан -модар метавонад коре кунад, ки ҳеҷ, кас интизори анҷоми онро надорад. Ҳамл, ба дунё овардан ва нигаҳдории як кӯдак, кори саҳл нест. Фидокориҳое, ки як модар дар муроғибат аз бачаҳояш мекунад, варои тавоноиҳо ва қобилиятҳои ҳама мардони дунёст! Пешравие дар ҷодаи сиёсат ба ҷо биёварад, ки боиси аҳсанҳост. Ба ҳамин далел аст, ки дар зиндагиямон номи занони бартар ва модарони бартарро ба онҳо медиҳем ва ҳеҷ  давлат ва миллат бидуни иштироки занону бонувон дар ҷодаҳои гуногун рушд накардааст ва нахоҳад кард.

Иштироки занону бонувони афғон дар таҳкими давлатдории Афғонистон ояндаи равшани давлати шумост, танҳо шумо занону модарони мақбули афғон интизор бошед, ки фардо “ТОЛИБОН”  -и ҷоҳил ба аҷри гуноҳҳои худ хоҳанд расид, зеро ки сиёсат бидуни занон моҳии бе об, уқоби бе болу пар ва инсони бедасту дуост.

 

Эй Худо, бар модари афғони мо ёрӣ  бубахш.
Ҷаҳлро бар ҳам бизан, раҳми мусалмонӣ бубахш.
Фитнаҳо бар кас наварзад, он ки огоҳи Худост.
Ҳар чи аз меҳри Худовандист арзонӣ бубахш!

Худованд нигаҳбони Шумо бошад, занону бонувони мақбули афғон!

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg