ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус СOVID-19 миёни сокинон бо усули “рӯ ба рӯ” дар ҷамоати шаҳраки Панҷ, маҳаллаи Фирдавсӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, барои аз нав хуруҷ ёфтани бемории сироятии коронавирус, бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор накардан мулоқот доир намуданд .
Инчунин, дар рафти мулоқотҳо ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ, маводҳои антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотӣ баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси COVID-19 тақсим карда шуд.