БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲИМТАРИН ҲАДАФИ ТАҲСИЛ АНДӮХТАНИ ИЛМУ ДОНИШ АСТ!

ЛЕВАКАНТ. 31-уми август, қабл аз оғози соли хониш, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Султонов Ҳикматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, сармуҳаррири рӯзномаи "Нури Сарбанд" Ашуров Орзу бо омӯзгорон ва аъзои фаъолони ҳизбии Литсейи давлатии рақами 1-и шаҳри Левакант, вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни суханронӣ Султонов Ҳикматулло қайд намуд, ки ҳамасола 1-уми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Рӯзи дониш-дарси сулҳ таҷлил мегардад. Таҷлили имсолаи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои тамоми аҳли маорифи кишвар, аз ҷумла хонандагону омӯзгорон ва донишҷӯёни кишвар санаи ниҳоят муҳим ва хотирмон хоҳад буд, зеро дар ин сол ҷашни фархундаву саодатбахш ва тақдирсози миллат - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.  

Олимзода Низора, омӯзгоронро ба соли нави хониш табрик намуда, қайд намуд, ки тавассути ин неъмати бебаҳо ва заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷуммҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу субот ва оромию осоиштагии сартосарӣ танинандоз гардид ва низоми маорифи мамлакат дар самти таҳкими илму дониш неруи тозае касб кард.

Дарси сулҳ насли наврасу ҷавонро ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу субот даъват менамояд. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад. Итминон дорам, ки минбаъд фаъолияти устодони арҷманди мо дар ин самт боз ҳам тақвият меёбад ва дар ин замина меҳру муҳаббати шогирдон ба дониш ба ин сарчашмаи кулли комёбиҳо, марҳила ба марҳила меафзояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg