ҚУБОДИЁН. Дирӯз бахшида ба Рӯзи дониш ва ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи гаронбаҳои китоби Тоҷикон- и Бобоҷон Ғауров аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қубодиёни бостонӣ тақдим гардид. Китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров ба ҳар як хонадон тақдим гардида, мақсад аз тақдим китоби мазкур шиносоии мардум аз таърихи гузаштагони хеш мебошад.