БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУРУ ШОДӢ АЗ НАВОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША. Имрӯзҳо садои базму бозӣ, тарадуди чорабиниҳои сиёсӣ дар ҳар як ноҳия ба мушоҳида мерасад.

Мардуми Тоҷикистон ба он орзуи аҷдодон, ки тӯли ҳазорсолаҳо буд, расиданду ва 30-соли соҳибистиқлолӣ, якдилӣ ва мутаҳиддии худро таҷлил мекунанд. Тасмим аст, ки бахшида ба 9-сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ташкил ва гузаронида шавад.

Ба ин муносибат дар ҳар як хона, кӯча ва деҳаву маҳаллаҳо корҳои ободонию созандагӣ ба анҷом расидаанд. Масъалаҳои камбудии барқ, об, иншоотҳои хизматрасонӣ ҳалли худро ёфтанд. Дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо майдонҳои ободу зебо барои сайру гашт ташкил гардидааст.

Шаҳди истиқлолро мо чашидему лаззаташро бо ҳарф гуфтан намешавад. Озодӣ, амният, субот муттаҳидии шаҳрвандон неъмати бузургест, ки баъзан халқу миллатҳо садсолаҳо орзуяшро мекунанду барои онҳо ҳамчун афсона менамояд. Мо, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаёт ба сар мебарему худро хушбахттарин инсон мешуморем, зеро нафаси тоза, хонаи обод ва оромии вазъият моро руҳбаланд мекунад.

Мо акнун 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоему барои гиромидошти ин санаи таърихӣ тамоми дастовардҳои мардумро инъкос менамоем, дар аввал чӣ доштему чӣ будем?, имрӯз ба чӣ ноил гардидему ки шудем. Садҳо ҳазорбор шукр мекунем ва ба насли оянда ин арзиш ва дастовардҳои миллии худро месупорем. Онҳоро дар руҳияи меҳанпарастиву якдилӣ, пос доштани арзиши ватандорӣ тарбия хоҳем намуд.

Ҳама суру шодӣ имрӯз ҳатто дар шеърҳои кӯдакона низ зам-зама мегардад. Мо хурсанд аз ҳама ин дастовардҳо ҳастем ва шукри роҳбарияти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯем, ки барои мо чунин шароит ва имкониятҳоро фароҳам овард.

Ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Сафаралӣ  Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg