БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НОДИРТАРИН ВА ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК МАҲСУБ МЕЁБАД

АНДЕША. Санаи 9 сентябри соли ҷорӣ ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.

Беҳуда нагуфтаанд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар кадом халқу миллат неъмати бебаҳо аст. Бе Истиқлолият давлатдорӣ маъное надорад. Сад шукрона бояд гуфт, ки халқи тоҷик имрўз соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ аст.

Ҳамарўза аз оинаи нилгун ва расонаҳои хабарӣ огоҳ мешавем, ки дар дунё халқу миллатҳои зиёде ҳастанд, ки даҳсолаҳои зиёд барои Истиқлолияти давлатии худ мубориза мебаранд, аммо комёб намешаванд.

Арзиш ва муқаддасоти Истиқлолият боз дар он зоҳир мешавад, ки халқу миллатҳоро бо соҳиби давлат будани онҳо, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мешиносанд, Истиқлолият давлату миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Гарчанде ки ба даст овардани Истиқлолият бо амри таърих ба мо муяссар гардид, вале солҳои аввали Истиқлолият бо душвориҳову хатарҳои ҷиддӣ оғоз гардид.

Солҳои 1991-1992 дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон мардуми бегуноҳи кишвар қурбон ва гуреза шуданд, ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонида шуд, ки ҳоло ҳам таъсири худро дорад.

Бояд бо ифтихор ба ёд овард, ки фақат баъди ба сари қудрат омадани Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои нахустин баҳри мўътадил гардонидани вазъияти баамаломада гузошта шуданд.

Ҳар фарди худогоҳу ватандўсти кишварро зарур аст, ки ба қадри ин неъмат гаронаршиш бирасад ва ҳамеша баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш намояд.

Имрўз мо дар арафаи ҷашнгирии иди бузург 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон қарор дорем.

Орзуманди онам, ки дар Ватани азизамон - Тоҷикистон сулҳу субот абадан пойдор бошад.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg