ДӮСТӢ. Тибқи нақшаи тасдиқшудаи вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «20-сологии Истиқлолият»-и ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин зимни баромади хеш оид ба мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли зиёи кишвар ва ҳамчунин дар бораи пешгирии хатари бемории ВНМО, ки айни замон вазъи саломатии мардум нигаронкунанда аст, иқтибосу мисолҳо оварда, иброз доштанд, ки вируси норасоии масунияти одам аст. Бемории вируси норасоии масунияти одам, ки муҳофизаткунандаи организм аз ҳама гуна бемориҳо мебошад, суст менамояд.
Нафарони дар вохӯрӣ ширкатдошта, ки табибону дастёру кӯмакрасони мардумон ҳастанд, илова намуданд, ки табиби ҳар як шахс ва ё ин ки ҳар як бемор пеш аз ҳама худи ӯст. Барои мубтало нашудан ба бемории ВНМО ҳар як инсон бояд саломатии хешро эҳтиёт кунад. Эҳтиёт дар зиндагӣ нисбат ба саломатӣ на ин ки танҳо ба саломатӣ, балки дар ҳама равандҳои ҳаёт самараи пурбаракати зиёд хоҳад овард.