ВОСЕЪ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ баргузор гардид.
Дар он суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони кишвар, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, қабули аъзои нави ҲХДТ, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, терроризму экстремизм, муқовимат бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида андешаронӣ намуда, қайд кард, ки ҷаванонро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бояд пешгирӣ намоем, зеро маҳз ҳамин ҳаракатҳои ифротӣ боиси бадбахтию нооромии аҳли ҷомеа мегардад. Дар охир иштирокдорон иброз доштанд, ки зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, доимо бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза мебарем.