БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОБИҚАДОРОНИ ҲХДТ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Дар ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намоиши ҳунарҳои дастии занони ҷамоати мазкур ба маърази тамошо гузошта шуда, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, муовини раиси ноҳия Гулмуродзода Бибинисо, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, раиси ҷамоат, собиқадорони ва аъзои фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд.

Бояд қайд намоем, ки баромадкунандагони ин чорабинӣ ҳозиринро бо ҷашни пуршукӯҳ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз намуданд, ки дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Бинобар ин ҳамаи моро мебояд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва шукронаи давлати биҳиштосоямон, шукронаи Роҳбари хирадмандамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем.

Ҳамзамон дар охири чорабинӣ якчанд нафар собиқадорони ҲХДТ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg