БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳоҷӣ Шариф” дар доираи чрабиниҳои “Даҳаи тантанаҳо” ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти даватӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилотяи Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кормандони ташкилоти ибтидоӣ дидан намуда, ба намоишгоҳ баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон барои тарғиби дастранҷи ҳунармандон дар саҳифаҳои интернетии ҳизбӣ аз ҷумла, гурӯҳи фейсбукии “Ҳунарҳои мардумӣ” –и аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст, ҳаматарафа истифода бурда шавад.
Сипас, Иброҳимзода Неъматулло суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии Рӯзи Истиқлолияи давлатӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ пешвоз мегиранд.
Сипас, Миралиён Қиёмиддин ба сухан баромада, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ҳифзу нигоҳдории онҳо, ҷонибдори аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Тоҷикистон дар зарфи 30-соли Истиқлоляти давлатӣ ба таври бесобиқа рушду нумуъ карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати худро касб кардааст, - гуфт раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Халон.
Дар идомаи маҷлис чанд нафар аъзои ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар қадрдонӣ шуда,чанде аз кормандони бозор ва аъзои дигари ҳизб мукофотпулӣ ва туҳфаҳо супорида шуд.