АНДЕША. Ятимон, бахусус тифлакони ятим касонеанд, дар зиндагӣ афсурдаву дилозурда. Барои онҳо ҳаёт гарчанде шароити зиндагиашон хуб бошад хам, маъное надорад. Зеро барояшон бузургтарин меҳр, азизтарин ҳастӣ ва умеду орзуяшон, ки падару модаранд, намерасанд.
Меҳри падару модарро ба фарзанд ҳеҷ гоҳ касони дигар дода наметавонанд, зеро он меҳр пур аз қалби саршор ва пайванди хуну дили гарм буда, фарзанди ҷигарбандро эҳсоси хушӣ мебахшад.
Волидон беҳтарин пушту паноҳ, азизтарин ҳастии олам, мунаввартарин қалби саршор, пурзуртарин қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Ононро ягон ҳастии ҳаёт ҷойгир буда наметавонад. Бинобар ҳамин ятимон аз ҳамин меҳри бузург маҳруманд. Онҳоро ҳамеша бо як дилгармӣ ва меҳру муҳаббати самими мебояд парвариш кард.
Ятимонро дастгирӣ кардан, хотирашонро лаҳзае бошад ҳам болида гардондан ниҳоят корест савоб. Ҳар нафаре, ки ятимонро парасторӣ мекунад ва дар ҳаёт болидарӯҳу дилгармӣ месозад, некии бузурге ба даргоҳи Офаридгори созанда ба ҷо меорад. Беҳтарин амали нек парастории ятимон буда, ин гуна афрод дар ду дунё сазовори осоиш ва хушҳолианд.
Ба даст овардани дили ятимони бекас ба даст овардани дунёи азалист.
Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дузахаш бирён кунад.
Ҳавасманд гардонидани ятиме дар зиндагӣ ба зиёрати хонаи Хонаи Каъба баробар аст.
Мо хушбахтона, дар давлате зиндагӣ мекунем, ки пур аз ятимхонаҳову шахсиятҳои ятимпаравар аст. Зеро давлати бузургу ҳаммаслакро марди шуҷоъу хирадманди асил, Пешвои маҳбуби ҳамагон, Эмомалӣ Раҳмон бо дили пур аз меҳри саршор роҳбаладӣ менамояд. Дар ҳамаи ҷашнҳои таърихию идҳои мардумӣ пеш аз ҳама аз тарбияю таълими хонаҳои бепарасторони кишвар дидан мекунанд. Онҳоро ҳавасманд мегардонад.
Ҳамеша ҷаҳд бояд кард, ки ятимонро хушнуд сохт. Набояд гузошт бепарасторе дар фироқи дурии волидон сузад, афгор гардад. Онҳоро хамеша бояд дастгир буд, ёрӣ расонд, ҳавасманд гардонид, то анҷоми давраи наврасӣ барояш чун дар зери сояи дарахтони пурбор, лутфу марҳамати шахсиятҳои дар канор буда хуб гузарад, то баробари тифлони босаробон хушҳол бошанд.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ