БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ЗЕРИ УНВОНИ «ДАҲАИ ТАНТАНАҲО

ШАҲРИТУС. Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” дар боғи фарҳангӣ- фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ бо иштироки сардори шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбеков Садриддин, муовини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳринисо, масъулини Кумити иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, ҷавонон, фаъолон, намояндагони васоити ахбори омма  ва дигар шахсиятҳои расмӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо  ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия ба як қатор роҳбарон ва ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  супорида  шуда, ба  5 нафар аъзои нави салоҳиятноку ҷавон шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Инчунин, чорабинии фарҳангӣ (базми консертӣ) бо ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия  дар боғи фарҳангии ба номи “Тус” дар сатҳи баланд баргузор гардид. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg