БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАМИ ЗИМИСТОНРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД ХӮРД

Н.ХУСРАВ.  Мулоқоту  суҳбатҳо бо  усули  «Хона  ба  хона»  ҷиҳати    афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, истифодаи  самараноки обу  заминҳои  корам, дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, дар  мулоқоташон  бо фаъолони  вилояти  Хатлон масъулини  Кумитаи  иҷроия ҳафтае  ду  маротиба  рӯзҳои  сешанбе ва панҷшанбе ба  ҷамотҳои  деҳоти ноҳия  рафта, сокинонро барои истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигӣ  таъкид менамоянд.

Ин  навбат  масъулин  аз  хонаҳои  сокинони деҳаи  Лолазори Ҷамоати  деҳоти Истиқлол дидан  намуда, истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигӣ, захираи маводи  хӯрокаи сокиноро ба  тирамоҳу  зимистон дида  баромаданд.   Бо назардошти  вазъи  мураккаби  ҷаҳони  имрӯза аз ҳар  як  оила даъват  ба амал  оварданд, ки аз  замину  об  самаранок  исифода  бурда,ҷамъоварӣ  ва  захираи  маводи  хӯрокаро  афзун  намуда, захираи  хӯрокаро  дар  мавсими  зимистон аз  имрӯз таъмин созанд.

Ҳамзамон  вобаста  ба хуруҷи мавҷи бемории  КОВИД-19 ва  роҳҳои  пешгирии онро андешаронӣ карда, барои  пешгирӣ  аз  сроятёбии ба  ин вирус ба  сокинон  варақаҳои  иттилоотӣ  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg