ФАРХОР. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб чорабинии идона бахшида ба истиқболи сазовор аз 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён ва Абдулмаҷид Шоев иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд.
Чорабинии мазкур бо суханронии устоди арҷманд, собиқадори ҲХДТ Абдулҳамид Маҷидов оғоз гардида, ӯ иброз дошт, ки имрӯз миллати тоҷик дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорад. Истиқлолият ин падидаи давлатдорие мебошад, ки дар фазои он инсон озодона умр ба сар бурда, бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ширкат варзиданро дорад.
Сипас, ду нафар ҷавонони фаъоли ноҳия ҳамчун аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ғозиева Фотима ва Мусоев Мубориз маърузаҳои худро дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи ҷавонон қироат намуданд.
Ҳамчунин, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдулмаҷид Шоев ба сухан баромада, табрикоти Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиккистон, ки рӯзҳое ба шумор мондааст, ба тамоми ҳизбиён ва сокинони ноҳияи Фархор расонид. Инчунин, мавсуф иброз дошт, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.
Дар охир Ҳамидиён Илҳомҷон оид вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва ҳодисаҳои дар ҳамсоякишвари мо ба вуқӯъ омада суханронӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки ҳушёрию зиракиро дар ҳамаи масъалаҳо аз даст надода, шукргузор аз он бошем, ки дар Ватани озоду соҳибистиқлол умр ба сар мебарем.
Ҳамчунин, аз тарафи намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба 10 нафар ҷавононе, ки бори аввал ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳоданомаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд. Инчунин, иштирокчиёни фаъоли чорабиниро бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор қадрдонӣ намуданд.
Дар бахши фарҳангии ҳунармандони Шуъбаи фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳо, дар васфи Ватан ва Истиқлолият таъби ҳозиринро болида гардониданд.