Н.ХУСРАВ. Бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни муқаддаси 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои ободонию созандагиро дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор намуда истодаанд. Дирӯз бо иштироки аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии «Роҳсоз» Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор гардида, роҳи даромади ноҳияи Носири Хусрав ба масофаи 500 метр рангу бор ва аломатҳои роҳ гузошта шуд.