ҲАМАДОНӢ. Дар идораи шабакаи барқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Исмоил Гадоев ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев баргузор гардид. Дар вохурӣ Исмоил Гадоев оид ба сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.
Гадоӣ Сайдалиев бошад, дар бораи риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ кард.
Дар охир масъулин бо тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шабакаҳои барқи ноҳия» шинос шуда, ба шахсони муттасаддӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои судманд доданд.