БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Миллати тоҷик аз  қадимулайём соҳиби фарҳангу бою ғанӣ буда, дар бобати давлатдорӣ мақому ҷойгоҳи худашро дорад. Шоҳасари безаволи ҳазрати Фирдавсӣ – Шоҳнома, ки болои он 30-соли рассо заҳмат кашид, бори дигар аз қаҳрамониҳою муборизаҳои адолатхоҳонаи ин миллат дар тӯли ҳазорсолаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад. Маҳз, заминаи таърихӣ доштани давлатдории тоҷиконро бори дигар  дар замони соҳибистиқлолӣ бараъло  маълуму машҳур гашт. Тоҷикистон тавонист дар муддати 30 – соли  Истиқлолият зери сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рушду равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла мустаҳкам кардани муносибатҳои дипломатӣ бо дигар давлатҳо, қабули садҳову барномаҳо оиди пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, қабули қонуну қарорҳои ба манфиати халқ ва марҳила ба марҳила амалишавии чор ҳадафи стратегӣ давлатро аз вартаи мушкилиҳо раҳонида, ба як  давлати  тараққиёфта аз лиҳози иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд. Воқеан, агар ин 30-соли истиқлолро мо бо гузашта таҳлил созем мебинем, ки пушти ин рақами таърихӣ чи қадар азобу машақатҳо, заҳмату талошҳо, барору нобарориҳо, муборизаҳои сиёсии ватансозӣ, ки дар натиҷа халқи моро ба чунин рӯзҳои нек расонид.

Ҳамаи ин аз сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Сарвари раъиятпарварамон сарчашма мегирад. Ман ҳамчун як шахси сиёсатмадор ва собиқадори меҳнат аз рӯзҳои аввали ин сиёсат шоҳид ҳастам ва дар тӯли фаъолияти чандинсолаи кориам дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ ҷонибдори ин сиёсат будаму ҳастам ва аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар умқи дили хурду бузург меҳру садоқати ватандӯстдорию ватансозиро ҷойгир намуда, то ба имрӯз ин рисолатро идома дода, таблиғот мебарам. Маҳз, ҳамин сиёсати ободкорона буд, ки дар дурдастарин гӯшаю канори кишварамон мардум бо дарки баланди мафҳуми ин сиёсати созанда ба ободкориҳо машғул гашта, дар шукуфон шудани кӯчаю маҳали худ саҳми арзанда гузошта истодаанд ва ҳар як шахси боору номуси кишвар ҳаракат дорад, ки бо туҳфаҳои арзанда ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо сарбаландӣ пешвоз гирад. Имрӯзҳо ба гулгашту хиёбонҳои зебо, биноҳои боҳашамат, ба донишгоҳу донишкадаҳо, мактабу беморхонаҳо, роҳҳои асфалпӯшу замонавӣ назар афканда, рушду нумуи кишварамро дида, ифтихорам боз ҳам баландтар мегардад, ки Тоҷикистони азизамон дар тӯли 30-сол ба чи гуна дастовардҳо муввафақ шудааст.

Баъди ин шукр мекунам, ки дар як диёри зебоманзар, ҳуқуқбунёд ва озоду обод зиндагӣ дорам. Аз ин рӯ, ҳамагонро даъват менамоям то ба қадри ин гуфтаҳои болозикр, ки пушти ин рақам 30 -соли муваффақиятҳо ниҳон аст, расем ва ин давлати ободу зебоямонро ба ояндагон мерос гузорем.

Саъбагул Валиева, собиқадори меҳнат аз шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg