ПАНҶ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия таҳти унвони “Истиқлолият асоси бақои миллат” вохӯрӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, муовинони раис, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон ва роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.
Зимни баромад Каримҷон Файзизода иштирокчиёнро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда қайд кард, ки Истиқлолияти комили давлатӣ ва соҳиб гардидан ба он бузургтарин арзиш, волотарин дастовард ва падидаи сиёсӣ дар давраи давлатдории навини халқи тоҷик мебошад. Ҳамзамон Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Аслан Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ ифтихор аз давлату миллати хеш аст. Яъне, моро мебояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем, чунки Истиқлолият на ба ҳар як давлат муяссар мегардад.