ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии фарҳангӣ зери унвони "Даҳаи тантанаҳо" дар деҳаи Турдишайхи ҷамоати деҳоти Озодагон баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули ҳизбӣ, намояндагони Ҷамоати деҳоти Озодагон, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, фаъолон ва хурду бузурги деҳа фаъолона иштирок намуданд.
Сараввал масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ дидан намуда, сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон ва дигар шахсони расмӣ ҳозиринро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландию саломатӣ таманно намуданд.
Дар чорабинии мазкур сокинони деҳа рақсу хурсандӣ карда сурудхонӣ намуданд. Дар поёни маҳфил якчанд нафар аз аъзо ва фаъолони ҳизб бо сипосномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.