БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ МО ВОБАСТА АСТ!

ПАНҶ.  Ба истиқболи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Панҷ рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон ва шоистаи таҳсин аст. Дар ҳамин доира бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва саҳми ҷонибдорон ва фаъолони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Турдишайх»-и ҷамоати деҳоти Озодагон аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳсоз» роҳи марказии маҳалла мумфарш карда шуд. Имрӯзҳо тамоми сокинони ноҳия тавассути ҳашарҳои муташаккилона дар ҳар як кӯчаву маҳалла даст ба корҳои созандагӣ зада, дар ободонии диёри худ саҳм мегузоранд. Ҳамдиёрони азиз, ободу зебо гардонидани дару хонаи ҳар яки шумо туҳфаи арзанда ба ҷашни бузурги Истиқлолият аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg