АНДЕША. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди тоҷик дар арафаи ҷашни таърихӣ, яъне 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-соли бурдбориҳо, 30-соли муваффақиятҳо ва 30-соли азму талошҳо баҳри расидан ба зиндагии шоиста қарор дорад.
Истиқлолият ҳамчун рамзи муҳимми давлатдорӣ, василаи беҳтарини шинохти миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад ва ҳамзамон ормони абадии ҳар як миллати худшиносу худогоҳ буда, таконбахшандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ба ҳисоб рафта, он ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳиби марзу буми мустақили худ мебошад.
Боиси ифтихор ва сарфарози аст, ки мо давлати тинҷу ором, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ умр ба сар мебарему аз Ваҳдату истиқлолаш баҳра бурда истодаем. Зеро фазои тинҷу ороми мамлакат ва осудагии мардум волотар аз ҳама арзишҳо мебошад.
Таърих борҳо собит кард, ки барои ба даст овардани истиқлолият дилхоҳ миллат бо вазнинтарин шикастҳо рӯ ба рӯ гардидааст. Вале, ин ҳама дар назди истиқлолияти комил руйдоде беш нест, зеро он ба миллатҳо имконияти мустақилона муаррифӣ намудани худ, тақдирсози зиндагии худ шудан ва соҳибватаниро фароҳам меоварад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди бузурги миллати тоҷик моро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун мардуми соҳибдавлату соҳибтамаддун шиносонд. Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад.
Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Вобаста ба ин, бояд зикр кард, ки маҳз, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зери роҳбарӣ ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои баланди милливу давалатӣ ноил гардид. Аз ҷумла: Ваҳдату ягонагӣ ҳукфармо шуд, иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта шуда ва шуда истодаанд, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо маром идома доранд ва ҳоло бошад, мардуми сарбаланди тоҷик омодагии ҳамаҷонибаро барои дар сатҳи баланди ифтихори миллӣ ва ватандорӣ истиқбол кардани 30-соли соҳибистиқлолии хеш дида истодаанд.
Фикр дорам, ки бо ҷашн гирифтани ин иди таърихӣ дар ҳамбастагиву ҳамдилӣ дар замири ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ифтихори меҳандӯстӣ ва хештаншиносӣ бештар хоҳад гардид.
Бояд ёдрас шуд, ки барои ба даст овардани Истиқлолияти комил, мардуми шарафманди тоҷик чандин марҳилаҳои сахту сангинро паси сар намуд, садҳо олимону бузургон ва шермардони худро аз даст дод, то ки ба ояндагон як давлати шукуфону ободро ба мерос гузорад. Аз ин рӯ, моро мебояд, арзишҳои миллиро аз арзишҳои шахсӣ боло гузошта, барои таҳким бахшидан ба ғояҳои миллии давлатдорӣ саҳми арзанда гузорем. Яъне на ба суханони хушку холӣ, балки бо нишон додани ташаббусҳои созанда ва истифода намудани шароитҳои муҳайёшуда баҳри ҳамаҷониба рушд ёфтани Ватани азизамон – Тоҷикистон пайваста иқдом намоем.
Инчунин, зарур шуморидем, ки дигарбора нобасомониҳое, ки дар баъзе аз давлатҳо дида мешавад, ба риштаи таҳлил кашида, назари сиёсии худро васеъ намудаву барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ дар ватани маҳбубамон ҳамаҷониба кушиш намоем.
Ман ҳамчун як ҷавондухтари даврони истиқлолият бо таҳлили ҷомеаи ҷаҳонӣ менигарам ва мебинам, ки ҳамсоя – давлати мо яъне, Афғонистон дар кадом ҳолат қарор дорад. Вақтҳои охир чигуна мардуми ин сарзамин ба мушкилиҳои зиёди ноамниву иқтисодӣ дучор гардида истодаааст. Ҳамаи ин моро бори дигар ҳушдор месозад, ки ба қадри бузургии сулҳу суботи кишвар бирасем ва атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз ва пояҳои онро мустаҳкам намоем.
Мунавараи Бозоралӣ, муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон