БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗЪИЯТИ АФҒОНИСТОН НИГАРОНКУНАНДА АСТ

АНДЕША. Воқеаҳои Афғонистон имрӯзҳо дар саросари олам расонаӣ гардида, мавриди баҳсу нигарониҳо гаштааст. Мардуми Афғонистони ҳамсоя беш аз 40-сол аст, ки аз фазои ноором, хунрезиву террорҳои ғайричашмдошт ва низоъҳои мусаллаҳона азият мекашанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда воқеаҳои охирин, ки ҳаракати радикалии Толибон дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд ва барои бунёди давлати исломӣ омодагӣ мебинанд, вазъияти сиёсӣ боз ҳам печидатар гардидааст.

Имрӯзҳо дар ин кишвар таркишу вайронкунии амният ва кушторҳо ба маротиб зиёд ба назар мерасад, ки басо нигаронкунанда мебошад. Тоҷикистону Афғонистон  ҳамсоя кишвар буда, чӣ аз ҷиҳати забон ва урфу русум ба ҳам хеле наздикӣ доранд. Ҳамсоякишвари мо, ки имрӯз ноорому ҷангзада гардидааст, мо низ аз он хеле дар ташвиш ҳастем. Хуб мешуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон ба ин мардуми азияткашида, ки рӯзҳои сахту вазнинро аз сар мегузаронанд, кӯмак расонанд. Мо тарафдори он ҳастем, ки ҳарчӣ зудтар сулҳу Ваҳдат дар ин минтақа баргузор гардад.

Аз ин воқеаҳои баамал омада, хусусан душманон, террористон ва тарафдорони давлати исломӣ сӯистифода намуда, вазъи муракабро бозҳам ташвишовар карда истодаанд. Агар вазъият ҳаминтавр идома ёбад, шакке нест, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро дар Афғонистон густариш диҳанд.

Мо имрӯз нисбати мардуми Афғонистон, ки дар ин кишвар беқонунӣ зуҳур гардидааст ва нисбати мардуми он куштору ғоратгарӣ ва таъқибу зулм равона гардидааст, маҳкум менамоем.

Тарафдори онем, ки бо ёрии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин кишвар сулҳу салоҳ аз нав пойдор гардад. 

Шомалангова Миҷгона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён                         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg