ЁВОН. Тибқи нақшаи муштарак ҳар якшанбеи охири моҳ, ҳашари умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” оид ба тоза намудани қабристонҳо ва гирду атрофи он ташкил карда мешавад. Аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҳизб дар якҷоягЬ бо дигар сохторҳои дахлдори соҳа дар як қатор қабристонҳои ҳудуди ноҳия Аксияи мазкур ташкил карда шуд. Аз ҷумла дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоргул ва ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав, дар маҷмуъ дар 8 оромгоҳ бо иштироки 1586 нафар ҳашари умумӣ ташкил карда шуд.
Дар рафти ҳашар эмомхатибон, раисони кумитаҳои маҳал, собиқадорони ҳизб, мутахассисони корҳои дин дар ҷамоатҳо ва волонтёрон иштирок намуда, дохил ва атрофи қабристонҳо тоза карда шуд.
Дар оромгоҳҳои тазокардашуда, зиёда аз 250 метр симтурҳо аз ҷониби шахсони саховатпеша ва аъзои фаъоли ҲХДТ таъмин карда шуда, атрофи оромгоҳҳо маҳкам карда шуд.