БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЛҚИ ТОҶИК ХАЛҚИ СОЗАНДА АСТ

АНДЕША. Миллати тоҷик аз давраҳои дури таърих бо эҳёи анъанаҳои писандидаи хеш мавҷудияташро дарак дода, дар олами фарҳангу адаб мақому манзалати чашмрас ба даст овардааст. Бузургони ин миллати куҳанбунёд дар рушду нумӯи илмҳои ҷудогона саҳми беназир дорад. Ҳазорон ҷилд рисолаву девон ва тазкираҳои онҳо, ки мероси пурғановати моро ташкил медиҳад, ҳанӯз гулшани адаби сайёраро зиннат медиҳад.
Даврони истиқлолият ба корҳои созандаи нав заминаи мусоид фароҳам овард. Мардум калиди дари иқболи худро дар эҷоду бунёди сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ тасаввур намуда, дар ин ҷода корҳои назаррасеро анҷом дод.
Албатта, ҳама ин комёбиҳои беназир танҳо ба афкори рушани абармардони ин миллати соҳибфарҳанг муяссар мегардад.

Саъю талоши Сарвари давлат вусъат додани корҳои ободонии диёр қобили ситоиш аст. Хушбахтона дар Конститутсия, ки рамзан шиносномаи миллат ном гирифта барои зиндагии осоиштаи мардум заминаи мусоид фароҳам омадааст.Ҳар сокини Тоҷикистон барои зиндагии ибратбахш ҳақ дорад ва касе наметавонад ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол намояд.
Эъмори давлати тозабунёд кори саҳл набуд, заҳмату ҷоннисории зиёдеро тақозо менамояд. Моҳияти истиқлолият дар он аст, ки мардум ба асли хеш баргашта, аз нав баъзе анъанаҳои бо мурури замон аз байн рафтаро зинда мегардонад.Таъмини ҳастии миллат дар ин замони пуртазод кори ниҳоят душвор аст. Пас ҳар шахси ватандўст муваззаф аст, ки барои ободии ватани хеш талош намояд ва муқаддасоти меҳанашро азиз бидонад. Зеро:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон беҳтар.

Дар охир аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо тинҷиву оромӣ, сиҳативу саломатӣ ва зиндагии шоиста дар кишвари ободу зеборо дар зери сояи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таманно менамоям.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg