
ВОСЕЪ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои серодам ба мардум варақаҳои иттилоотӣ ва табрикотӣ тақсим намуданд.
Дар рафти мулоқоти сарироҳӣ масъулини ҳизбӣ сокинонро бо фарорасии ҷашни бузург ва таърихӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд ва инчунин бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро барои риоя намудани гигиенаи шахсӣ даъват намуданд.