БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯККАТОЗИИ ҚАВМӢ ДАР АФҒОНИСТОН РОҲИ РАСИДАН БА ЗИНДАГИИ ОРОМУ ОСУДАРО ЗЕРИ СУОЛ МЕБАРАД

ВОКУНИШ. Раванди таҳаввулоти низомӣ ва сукути ҳукумати қонунии Ҷумҳурии исломии Афғонистон бевосита аз бемавқеӣ ва набудани ғояи ягонаи давлатсозӣ аз ҷониби сиёсатмадорони ин кишвар маншаъ мегирад. Эҳсос мешавад, ки сиёсатмадорони ақаллиятҳои миллӣ  дар ин кишвар дар давраи ҳассоси таърихӣ ба раванди ҷомеасозӣ аз сари бемасъулиятӣ кору амал намуданд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки назари ақаллиятҳо дар пояи пештозӣ дар сиёсат роҳандозӣ ва қавми паштутабори ин давлат дар якҷоягӣ бо дигар  сиёсатмадорони қавмӣ нисбати  боқимондаи ақаллиятҳои миллӣ эҳтиром надоранд.

Баёнияи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ доир ба баррасии масъалаи  вазъи печидаи Афғонистони ҳамсоя ва ба  мадди назар гирифтани ҷойгоҳи тоҷикон дар ҳукумати ояндаи ин давлат ба ҳамин хотир аст, ки тоҷикон ҳамчун ақаллияти пешсафу муқтадир  дар ҷомеаи Афғонистон бояд дар идораи давлат мақоми шоиста дошта бошанд. Баъди чанд рӯз ба ном сиёсатмадори паштутабор Гулбиддин Ҳикматёр дар ростои баёнияи Пешвои муаззами миллат, Роҳбари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлилҳои яктарафаи муғризона ва дур аз воқеиятро манзури бинандаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гардонид, ки бинандаи  закӣ аз сиёсати толибгароии ин шахсияти манфуру бемавқеъ бетараф буда наметавонад. Тавре медонем, Ҳикматёр шояд ягона «сиёсатмадор»-е бошад, ки дар давраҳои  гуногуни таъриху фарҳангу ҳуввияти мардуми афғонро зери по карда, даст ба хиёнатҳои миллию давлатӣ задааст. Хуни  ҳазорҳо сокинони бумии Афғонистон, ки аз сиёсатбозиҳои ӯ ба шаҳодат расидаанд, болои ин «сиёсатмадор» бор аст.    

Тибқи сарчашмаҳои муътамад дар  давраҳои гуногуни низоҳои қавмӣ ӯ ҳамсангарони худро ба таври хоинона фурӯхта, мавқеи сиёсиашро борҳо ба таври чашмрас иваз кардааст. Хусусан дар  соли 1996 ҳангоме, ки ҳаракати таҳрики Толибон вориди шаҳри Кобул шуданд, ин шахсияти ба ном сиёсӣ аз бими   ҷон аз Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд дасти ёрӣ талабид ва чун фурсат барои ӯ муносиб шуд.  Масъуду ёронашро дар муқовиматҳо танҳо гузошт. Дар ҷабҳаи муқовимати шимол ба хотири зинда монданаш бо дастгирӣ ва  пешниҳоди Аҳмадшоҳ Масъуд ба Тоҷикистон интиқол дода шуд, вале чун назари нек ба тоҷикону  тоҷиктаборон надошт, баъди чанд вақт Тоҷикистонро тарк кард.  Имрӯз ӯ худро зери султаи ғуломонаи ҳаракати таҳрики Толибон партофтааст ва аминам, ки дар ин сиёсат дер намепояд. Зеро ин рӯбоҳи пир мавқеи муайяну мушаххаси сиёсӣ надорад. Аз дин дида барои ӯ манфиат афзалтар аст ва  мехоҳад, ки бо истифодаи аркоми шариат ва истифодаи моҳиронаи  он обрӯи дар тӯли солҳо рехтаашро дубора миёни ҷомеаи Афғонистон барқарор кунад, вале вақт довари ҳақиқат аст ва дер ё зуд сиёсатбозии ӯ дар долонҳои ҳаракати таҳрики Толибон муайян хоҳад   шуд.

Шояд сабаби аслии ба мувофиқа наомадан дар бунёди давлатдорӣ дар кишвари Афғонистон тафовути дидгоҳҳо ва мавқеи сиёсии номуайяну номушаххас  миёни сиёсатмадорони ин давлат бошад. Зеро ба ғайр аз якчанд сиёсатмадори ирфаӣ дигар ҳама  ҳамшабеҳи  Ҳикматёранд. Вале  атои  ин сиёсатбозҳоро ба лиқояшон вогузор карда, танҳо орзуи мо оромию осудагии давлати ҳамсоя хоҳад буд.

Тоҷикон ҳамчун ақаллияти миллӣ дар ин кишвар дар баробари дигар миллатҳо  бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Зеро Афғонистон танҳо марбут ба паштутаборон нест. Дар ин кишвар дар баробари паштуҳо тоҷикону ӯзбекҳо, ҳазораю  туркманҳо ва балучҳо низ кору зиндагӣ мекунанд, ки дар долонҳои ҳукумати  ояндаи фаромилӣ бояд ҷойгоҳи онҳо муайяну мушаххас бошад.

Алиҷон Асақолов, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg