АНДЕША. Бояд гуфт, ки имрўз Ҳукумати мамлакат сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас унвон намудааст. Махсусан, таблиғи насли наврас ба омўзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷуҳи хоси мақомоти Раҳбари кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Ба ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин нуктаи муҳими таъкиднамудаи Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихии ниёгони хеш ифодаи худро пайдо мекунад. Таваҷҷуҳ ба таърихи давлатдории Тоҷикистон дар даврони таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ин амрро ба таври воқеӣ ба субут мерасонад, ки масъалаи таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ҳанўз аз оғози фаъолияти Пешвои миллат, аз ҷараёни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Вобаста ба ин, даврабандии ташаккули сиёсати давлатии ҷавононро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки соли 1993 cурат гирифт, метавон муқаррар намуд, ки баъдан дар заминаи он ташаккул ёфтани раванди сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа нақш ва ширкати ҷавононро муқаррар сохтааст. Вақте сухан дар мавриди марҳалаи аввали ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ меравад, бояд таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун омили муассири коҳиши вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ба эътибор гирифта шавад, ки албатта, он, пеш аз ҳама, ба ҳаёти ҷавонон аз ҳар ҷиҳат таъсири манфӣ расонидааст. Ин таъсир дар навбати аввал дар гумроҳшавии ҷавонон ва бар асари он талафоти зиёди ҷонӣ дидани ин насли фардосоз дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ ба зуҳур мерасад, ки албатта, ба раванди татбиқи сиёсати мазкур то ҷое таъсиргузор омад. Гузашта аз ин, саҳм ва мақоми ҷавонон дар татбиқи қонуну барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ хеле муҳим ва назаррас арзёбӣ мешаванд, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистон асноди фаровоне ин ҳақиқатро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Боиси сарфарозист, ки ҳамин гуна нигоҳ ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии гузашта дар ҷомеаи мо миёни ҷавонон сол аз сол тавсеа пайдо менамояд. Ин аз он дарак медиҳад, ки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат барои тарбияи фикриву маънавии насли ҷавон нақши рўшан мегузорад.
Саидов Илҳом, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар