ШАҲРИТУС. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар деҳаи Қизил - Аскари ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қизил-Аскар» ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.
Дар чорабинии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, қабл аз оғози Аксия масъулин бо сокинони ҷамъомада атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва мақсади баргузории чорабинии ҳизбӣ суҳбат анҷом доданд. Сипас, иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми Ватан ва обу ҳавои мусоиди баҳорӣ ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристон аз алаф ва растаниҳои худрӯй машғул шуда, дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.