ВОКУНИШ. Солҳои ахир дар баъзе аз давлатҳо амалҳои террористӣ зиёд рух дода, инсонҳои бегуноҳ, хусусан занону кӯдакон қурбон мешаванд ва ҳазорон нафар тарки манзилу макон карда, бехонаву дар зиндагӣ доранд. Мутаассифона замоне Тоҷикистони азизи мо низ бо хиёнати як гурӯҳи манфиатхоҳ чунин рӯзҳои сиёҳро аз сар гузаронид, аммо шукри Худованд, ки бахти миллати мо баландӣ кард ва ворисии ин кишвари азизро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда гирифтанд.
Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо дар фазои орому осуда умр ба сар мебарем ва ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои беназир истиқбол мегирем.
Ба назари коршиносон дастовардҳои сиёсиву, иқтисодие, ки дар 30-соли Истиқлол Тоҷикистони ҷавони мо ба он ноил гашт, ҳатто яке аз давлатҳои пурқудраттарини ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ дар ин муддат ба он ноил нашуда буд. Имрӯзҳо вазъият дар баъзе аз давлатҳо ноором мебошад, аз он ҷумла дар давлати Исломии Афғонистони ҳамсоя ҳолат хеле ташвишовар аст. Барои ҳамин мо бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ба фиребу найрангҳои гурӯҳҳои ифротӣ дода нашавем.Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, алалхусус дар шабакаи Ютуб (YouTube) ҳаррӯза наворҳои гуногуни муғризона пахш гардида, ҷавонони сустиродаи дониши динниву дунявӣ надоштаро бо ҳар роҳу восита гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо ваъдаҳои пуч ба сафҳои худ мехоҳанд ҷалб намоянд. Ҳамчунин дар ин баробар пайваста мебинем, ки намояндагони чунин гурӯҳҳо тариқи навор дар Ютуб зидди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон суханронӣ мекунанд. Яке аз мавзӯъҳои баррасии ин гурӯҳҳо самти муҳоҷират мебошад, ки онҳо пайваста муҳоҷири ба ягон мушкилӣ афтодаро ба ҷойи кумак кардан, нишаста соатҳо муҳокима менамоянд. Боз ҳам Ҳукуматро гунаҳгор карда, худро тоҷики ватандӯсту асил вонамуд менамоянд, ҳол он ки онҳо хоине беш нестанд.
Бояд бидонем, ки танҳо аҳолии Тоҷикистон муҳоҷир нест, балки ин проблема дар кулли сайёра ҷой дорад. Баъзан наворҳоеро паҳн мекунанд, ки гӯё дар Тоҷикистон сатҳи зиндагӣ паст аст ва мо рушд накарда истодаем ва ин наворҳоро, алалхусус барои вайрон намудани мафкураи муҳоҷирони меҳнатӣ тарҳрезӣ шудаанд. Агар ин нафарони бо ном ватандӯст ватандӯсти асил мебуданд ва ободиву рушди Тоҷикистонро мехостанд, пас барои чӣ саҳми бевоситаи худро барои пешрафту ободии Ватан нагузоштанд. Сафсата гуфтан осон, аммо дар амал иҷро кардану саҳми худро барои тинҷиву оромӣ, рушду суботи ҷомеа ва ободии Ватан гузоштан чизи дигар аст.
Агар онҳо ободиву пешрафти Ватани азизамонро мехостанд, барои чӣ саҳми худашонро намегузоранд? Барои чӣ дар ҳамон барномаҳояшон ягон маротиба аз дастовардҳои Тоҷикистон ҳарф намезананд, ҳол он ки қариб ҳар рӯз дар ҳар гӯшаву канори кишвар иншооти гуногун сохта ба истифода дода мешаванд. Оё ин ҳама пешрафт нест?
Аз ин сабаб ба ҷавонони бо ору номуси Тоҷикистони азизамон, ки чӣ дар Ватан ва ё берун аз марзи Ватан ҳастанд, алалхусус ба муҳоҷирони меҳнатии хориҷи кишвар гуфтаниам, ҳушёру зирак бошанд ва ба фиребу ваъдаҳои пучи гурӯҳҳои ифротгар дода нашаванд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрию мулоқотҳои худ бо аҳли ҷомеа ҷавононро неруи бузурги бунёдгару ободкунандаи Ватан дониста, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ мекунанд. Пас биёед ба боварии Роҳбари давлат сазовор бошем.
Ҷовидон Мирзоқулов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус