БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ «ХОНАИ БЕҲТАРИН» БАРГУЗОР ГАРДИД

Н.ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав вобаста  ба  ҷамъбаст намудани  озмуни  ноҳиявӣ миёни ташкилотҳои  ибтидоӣ  бахшида  ба  таҷлили  сазовори  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон озмуни «Хонаи беҳтарин»-ро  баргузор  намуданд.                  

Комиссияи  таъсисёфта  корҳои  ободонӣ, тозагии  хона, таъмиру  азнавсозии роҳу  ҷӯйҳо, тозаю  озода  ва  рангу  бор  намудани  манзили  зист,  таъмини  шароити  зист, гулкорию  тозагии  ҳавлӣ, истифодаи  самараноку  мақсадноки  замини  наздиҳавлигии сокинон  аз  деҳаҳои  ҷамоатҳои  деҳоти  ноҳия дидан  намуда, ғолиби  озмунро  муайян  намуданд.

Дар  байни  хонаҳои  сокинони  деҳот  хонаи  истиқоматкунандаи  деҳаи Арабхонаи  Ҷамоати  деҳоти   Истиқлол Юсупова  Сабоҳат  ғолиби  озмуни  «Хонаи беҳтарин» дониста  шуда,  соҳиби хона  бо  мақсади  дар  сатҳи  баланди  фарҳангӣ  истиқбол  намудани  30-  солагии  Истиқлоияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  корҳои  ободонию  созандагиро роҳандозӣ  карда дар манзили зисти хеш   шароитҳои  хуб фароҳам  овардааст. Дар  замини   наздиҳавлигиаш   бошад, дарахтони  ҳамешасабзу  гулу  гулбуттаҳои  ороишӣ ва  дарахтони  мевадиҳанда шинонидааст, ки имрӯз аҳли хонавода аз он ком ширин менамоянд.    Дар охири чорабинӣ ба сиҳибхона    Сипоснома  ва  туҳфаҳои  молии таъсисдода Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg