БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АФҒОНИСТОН МИЗБОНИ ГУРӮҲҲОИ ИРТИҶОИСТ

АНДЕША. Беҳтарин неъмате, ки барои мардум лозим ва боиси ифтихор аст, ин сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишварҳост. Вазъи ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки барои манфиатҳои геополитикӣ ва тақсими ҷаҳон байни қудратҳо давлатҳои пешрафта ҳама вақт бо истифода аз иродаи сиёсии тарафҳои манфиатдор давлатҳои аз назари иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳоли  сукутро ба сӯи амалисозии хостаҳояшон таҳрик месозанд.

Ҳаводиси рӯзҳои охири ҳамсоядавлати мо-Ҷумҳурии исломии Афғонистон бозгӯи он аст, ки бо назардошти мавҷуд набудани якдигарфаҳмии комили сиёсӣ ва таҳти ғояҳои таассубу ифротии давлатҳои манфиатдор қарор доштани сиёсати давлатӣ ҳукумати қонунӣ зери роҳбарии Ашраф Ғанӣ сукут намуда, бидуни муқовимати шадид ба гурӯҳи  ситезакори Толибон таҳрик ёфт. Имрӯзҳо дар ҷомеаи Афғонистони ҳамҷавор бесуботию беҳокимиятӣ доман паҳн карда, боиси изтироб ва нофаҳмӣ дар ҷомеаи мадании онҳо гардидааст.

Сиёсатбозиҳои гурӯҳи радикалии Толибон андешаи татбиқи демократияро дар ин кишвари ҷангзада зери суол бурда, давлатдории минбаъдаро дар заминаи таъсиси ҳукумати аморати исломӣ ва нақзи ҳуқуқҳои фитрии инсон тақвият медиҳад. Тасаввур нокарданист, ки ҷомеа зиёда аз 20 сол арзишҳои демократиро ҷузъи арзишҳои миллию фарҳангӣ қабул кардаю кулли мардуми Афғонистон  тайи ин солҳо зери нуфуз ва сармоягузориҳои давлатҳои ғарб дастовардҳои иқтисодию фарҳангие низ рӯи кор овардаанд, ба қавоини нави ба ном амороти исломӣ чӣ тавр бархурд мекунанд. Бахусус, интишори баёнияи комиссиюни шариати исломӣ доир ба қоидаҳои давлатдории Афғонистон, ки тарошидани мӯйи сару ришро барои мардон бидъат эълон кардаю нақзи ҳуқуқи занону бонувонро рӯи кор овардааст, то кадом андоза амалишавандааст, инро вақт исбот хоҳад кард. Ё манъи шунидани мусиқӣ дар хонаю автомобилҳо, несту нобуд кардани асбобҳои мусиқию осори таърихи гузашта давоми сиёсати дурӯғини гурӯҳи таҳрики Толибон аст, ки тайи солҳои 1996-2001 баъди ишғоли Кобул-пойтахти Афғонистон пиёда сохта буданд.

Натиҷаи ҳамин андешаҳои ботили асримиёнагӣ буд, ки ҳукумати Толибон бо таъсису муқобилияти Ҷабҳаи муқовимати шимол зери сарварии Қаҳрамони миллии Афғонистон, зиндаёд Аҳмадшоҳ Масъуд сукут кард ва муддати муайяни вақт мардуми бумии Афғонистон аз ҷабру истибдоди ба ном дингароёни толиб дар амон монд. Вале имрӯз ҳолати  сиёсии Афғонистон анқариб ба соли 1996 тамоюли баргаштан дорад.  Эҳсос мешавад, ки гурӯҳи таҳрики Толибон андак дар ҷабҳаи сиёсат ҳушёр шудаанд, вале ҳолати воқеии вазъи сиёсию амниятии сокинони Афғонистон бозгӯи он аст, ки ҳамон ақидаҳои асримиёнагие, ки шояд ин кишварро садсолаҳо ба ақиб барад, асоси фаъолияти сиёсию давлатдории ин гурӯҳ боқӣ мондааст.

Дар муқобили ин гурӯҳи радикалӣ чун соли 1996  Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар водии Панҷшер  зери роҳбарии Аҳмад Масъуд- фарзанди Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд таъсис ёфта, ҳамчун намоди равшании рӯзгори фардои мардуми Афғонистон дар ҳоли омодагӣ ва мубориза барои озодию истиқлоли ин давлат садо баланд карда истодааст.

Толибон ҳангоми ворид шудан ба Кобул-пойтахти Афғонистон эълон доштанд, ки ҷанг дар Афғонистон хатм шуд, вале таркиши воҳиманоку ҳалокату захмӣ шудани зиёда аз 200 нафар инсонҳои мулкӣ бозгӯи он аст, ки барои расидан ба сулҳи сартосарӣ дар ин кишвар роҳ хеле тулонист. Тибқи таҳлилҳо ин гурӯҳ дар дохили худ ба якчанд гурӯҳчаҳо тақсимбандӣ шудааст, ки ақидаҳои бо ҳам мухолиф доранд ва ин боиси носозгорию беамнӣ дар ҷомеа хоҳад шуд.

Гурӯҳи таҳрики Толибон асосан дар заминаи бартарият ба як қавм, яъне қавми паштун ба давлатдории минбаъда ҳавасманд буда, дигар ақаллиятҳои миллиро сарфӣ назар менамоянд. Ҳол он ки дар ҷомеаи Афғонистон шумораи зиёди аҳолиро тоҷикон ташкил дода, дар баробари онҳо ақаллиятҳои ӯзбеку ҳазораю балуч ва ғайраҳо дар ин сарзамин солиёни зиёд кору зиндагӣ мекунанд. Дар вулусволиҳо ва вилоятҳое, ки таҳти тасарруфи Толибон даромадаанд, тамоми вазифаҳои калидӣ  ба ақаллияти паштун мансуб аст. Ҳамзамон сарзамини Афғонистон айни ҳол мизбони тамоми ташкилотҳои террористию экстремистӣ буда, онҳо бо ин гурӯҳ робитаи қавӣ доранд ва ин раванд  шинохти онҳоро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ зери суол мебарад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздик ва давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг хостгори ҳарчӣ зудтари оромию осудагии Афғонистон аст. Ин гуфтаҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷаласаҳои сатҳи байналмиллалӣ садо медиҳад ва ахиран мавқеи кишвари мо низ дар шинохти ҳукуматдории гурӯҳи таҳрики Толибон аз ҷониби Роҳбари давлат ба таври мушаххас ва воқеъбинона садо дод. Фикр мекунам, мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шинохти давлатдории минбаъдаи Афғонистон зери султаи Толибон мавқеи ҳама мардуми ватандӯсту миллатдӯсти мост. Зеро он тарафи Амударё шумораи зиёди ҳаммиллатони мо зиндагӣ мекунанд ва онҳо ҳамчун аққалияти сернуфӯз ҳаққу ҳуқуқи зиндагии шоиста ва мавқеи хосса дар фаъолияти давлатдориро дар  кишвари ҳамзабони Афғонистон дорад. 

Вазъи сиёсии Афғонистони ҳамсоя ҳамоно ҳассос  ва номуайян боқӣ монда, моро ҳамчун ҳамсояи наздик  гӯшзад мекунад, ки дар ҳимояи марзи давлатӣ ва таъмини сулҳу субот ва якпорчагии кишвари азизамон ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Зеро сарҳади давлатии мо имрӯз ҳамчун дарвозаи асосии пешгирии ҳама гуна  амалҳои террористию экстремистӣ  дараҷаи баланди ватандӯстию миллатдӯстии моро тақозо мекунад.

Мардуми Тоҷикистон як маротиба дар таърих  шаҳди ҷанги шаҳрвандиро  чашид  ва ба ҷузъ якчанд хоини асолатбохта касе  хоҳони баргаштан ба он рӯзҳои сангину сиёҳ нест.

Бинобар ин, дар атрофи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар сарҷамъ будану андешаи ватансозиро бо андешаи миллӣ тавъам сохтани ҳар яки мо камари ҳазорҳо душмани ин марзу бумро мешиканад.

Толибҷон Назарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg