ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсолу гузашта, эмин нигоҳ доштану ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбияи насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллӣ Аксияи умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо ходимони дин, аъзои ҳизб, ҷонибдорон ва сокинони маҳалла дар як қабристон баргузор гардид.
Дар қабристони ҷамоати шаҳраки ноҳия маҳаллаи М. Атавуллоев бо иштироки васеи сокинон гирду атофи оромгоҳҳо тоза карда шуда, сокинон бо руҳияи баланди инсондӯстона ва арҷ гузоштан ба гузаштагонамон саҳми назарраси хешро гузоштанд.
Дар баргузории амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» зиёда аз 87 нафар сокинон иштирок доштанд.