АНДЕША. Вазъи сиёсии дунё имрӯз ба он далолат мекунад, ки бисёре аз кишварҳои олам дар ҳолати нигаронӣ аз воқеоти сарзада дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва фаъолияти гурӯҳи мамнуи «Толибон» мебошанд. Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки дар ҳамсоягӣ бо ин давлат қарор дорем ва аксари аҳолии моро мардуми мусулмон ташкил медиҳад, аз ин ҳодисоту воқеаҳо бетараф гузошта наметовонад. Аз ин рӯ, мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои кудратӣ, ҳокимиятҳои маҳаллӣ, аҳли ҷомеа бар зидди ин ташкилотҳои террористию экстремистӣ корҳои пешгирикунанда ва тарғиботию фаҳмондадиҳиро мунтазам роҳандозӣ намуда, дар ҳолати омодагӣ қарор доранд. Аз як тараф васоити ахбори омма ва аз тарафи дигар зиёиёну рӯшанфикрон дар роҳи нишон додани симои аслии Толибон ва оқибатҳои маргвори амалиётҳои он ба мардум хизмати арзандае шуда истодаанд. Зеро идеяҳои ғаразноки ТЭТ «Толибон» ва дигар ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба кишварҳои гирду атрофе, аз он ҷумла ба Тоҷикистони мо низ, роҳ ёфта, ҷавонони бехабарро ба доми фиребу найрангҳои худ кашида истодаанд.
Зуҳури гурӯҳи террористии «Толибон» дар Афғонистон аз соли 1978-замони ворид гардидани нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки он шурӯъ гардида, то имрӯз бемайлон идома дорад. Аз ҳамон айём ин кишвар ба майдони бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва дар ҳамин замина рӯй кор овардани гурӯҳҳои экстремистӣ гардидааст.
Ҳаракати «Толибон» дар оғоз ҳаракати қабилавӣ маҳсуб меёфт ва бар зидди тоҷикон, ўзбекҳо ва ҳазораҳо равона шуда буд. Баъдтар маҳз бо кўмаки хоҷагони хориҷиашон ин гурўҳ фаъолияташро тавсеа бахшид.
Далели возеҳи ин суханон сарпечӣ намудани «Толибон» аз иштирок дар раванди музокираи сулҳ буда метавонад. Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ки дар соли 1996 бо роҳбарии Тоҳир Юлдошев таъсис дода шуда буд, бо ҳаракати «Толибон» робитаи зич дорад. Пешвоёни дигар ин ҳаракати Ҷумъаи Намангонӣ ва Зубайд ибни Абдураҳим буданд. Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо ҳаракати «Толибон» ва «Ал-Қоида» ва артиши доимии Афғонистон ва нерӯҳои зидди террористӣ бо роҳбарии ИМА муқобилият нишон дода меояд. Бино ба маълумоти муҳаққиқи Ӯзбекистон К.Мирсолиев ҳамаи марказҳои динии Осиёи Марказӣ аз соли 1989 инҷоноб аз тарафи Арабистони Саудӣ мадади молиявӣ мегиранд.
Бояд эътироф намуд, ки ихтилофҳои бардавом дар Афғонистон аломати хатарноки исломи сиёсиро ба ҷаҳониён ошкор намуд. Амалҳои толибон чеҳраи исломро ба ҷаҳониён ҳамчун дини иртиҷоӣ, мутаассибӣ ва родикалӣ муаррифӣ намуд. Зеро ба «ислом»-и толибон амалҳои хатарноки шовинизми миллӣ, радикализм, экстремизм ва вандализм хос аст.
Таърих собит менамояд, ки дар ҳама давру замон дар дини мубини ислом манфиатҳои мафкуравӣ аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта мешуд. Манфиатҳои миллӣ нақши дуюмдараҷа доранд. Аммо муносибати толибон бо халқҳо ва қавмҳо ғайрипаштунӣ собит менамояд, ки онҳо манфиатҳои тангназаронаи худро аз принсипҳои дини мубини ислом ҳамеша боло мегузоранд. Радикализми толибон дар кишвари Афғонистон, ки он ба як навъ «хокистардон» табдил ёфтааст, хатари ҷиддӣ дорад. Беҳуқуқии халқҳо ва миллатҳои дигар, беҳуқуқии занон, ки мубаллиғони толиб амалӣ карданӣ мешаванд, дар ҷамъияти афғон оқибатҳои вазнини иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиро ба бор овардаанд. Муносибати ваҳшиёнаи толибон ба дастовардҳои фарҳангии халқҳо ва эътиқодҳои дигар (бо хок яксон намудани ёдгориҳои дини буддоӣ дар ҳамаи музофоҳо, ки таърихи дуҳазорсола доранд), бори дигар ба он шаҳодат медиҳад, ки то кадом андоза толибон моҳияти инсондӯстонаи дини мубини исломро таҳриф менамоянд.
Ҳамаи ин далелҳои собит менамоянд, ки дини мубини ислом барои толибон танҳо як ниқобест, ки онҳо дар он симои зишти худро пинҳон намуда, онро барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ истифода мебаранд.
Зайдуллоев Муҳамадҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун