ВОКУНИШ. Ба ҳамагон маълум аст, ки моҳҳои охир вазъияти сиёсӣ дар кишвари Афғонистон бо сабаби ҳаракатҳои ҷангҷӯёнаи Толибон ниҳоят муташанниҷ ва мураккаб гардидааст. Чунин вазъият тамоми минтақаҳои ҷаҳон ва махсусан кишварҳои ҳамсарҳади Афғонистонро нигарон намудааст.
Дар як моҳи охир вазъият бо сабаби ғасби садҳо ноҳияву шаҳрҳо аз тарафи ҳаракати Толибон бадтар гардида кӯдакон, занон ва мардуми афғон дар душвориҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд ва аз ҳамлаҳои номатлуб ҳазорон нафар ба ҳалокат расиданд.
Рӯзи 15-уми август гурӯҳи Толибон вориди Кобул шуданд ва қасри раёсати ҷумҳуриро тасарруф карданд. Чанд соат пеш аз ворид шудани Толибон Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва наздиконаш аз кишвар фирор намуданд. Айни замон вазъият дар Афғонистон хеле ташвишовар буда, мардуми таҳлуказада тариқи фурудгоҳ ва дигар роҳҳо аз кишвари худ фирор намуда истодаанд. Ояндаи кишвар, махсусан занону бонувон ва кӯдакон хеле нигаронкунанда ва номаълум мебошад, зеро Толибон давлати исломӣ таъсис додан мехоҳанд ва ба ҳам омадани гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ аз эҳтимол дур нест. Фирори Ашраф Ғанӣ мардуми кишварро сахт ошуфтаву ба риққат овардааст, зеро дар чунин лаҳзаҳои даҳшатнок ва сарнавиштсоз мардумонашонро танҳо гузошт.
Куҷо шуданд, ватандӯстон, фарзандони содиқи Афғонистон, ки дар рӯзҳои сангин ва тақдирсоз ватани худро ҳимоя намоянд? Имрӯз, ки рӯзи номусу нанг аст, то лаҳзаҳои охирин бояд мубориза бурд.
Дар ноумедӣ басе умед аст, мардуми афғон ба ҳам оед, муттаҳид шавед, сарзамини аҷдодии худро аз дасти душманони миллат ҳифз намоед.
Чунин ҳодисаҳои нохуш мо шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки марзу буми меҳани азизи худро бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ аз ҳар гуна хатарҳои ҷомеаи имрӯза ҳимоя намоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон ҳамеша таъкид менамоянд, ки мо ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ватани худро сидқан дӯст дорем ва онро мисли гавҳараки чашм муҳофизат намоем.
Аз имрӯз, мо баҳри ҳифзи Ватан, баҳри ободиву осоиштагии ин миллат ва ин Ватан омода ҳастем.
Шомалангова Миҷгона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён