БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ КИШВАРИ МО

Сокинони ноҳияи Ёвон дар қатори дигар мардуми шарафманди Тоҷикистон аз соҳибистиқлол гаштани давлату миллати худ ифтихор дошта, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ барои мустаҳкамии ин дастоварди бузург ҳамеша саъю талош менамоянд.

АНДЕША. Чун имрӯз дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон қарор дорем, бамаврид аст ба ёд орем, ки солҳои аввалини соҳибистиқлолӣ барои мардуми кишвар чи қадар солҳои вазнин буданд. Дар он рӯзҳои мудҳиш, дар ҳолате ки тифли навзоди Истиқлолият қадамҳои нахустини худро рӯи замини ин Ватан мегузошт, ҳизбу ҳаракатҳои оштинопазир ва нерӯҳои ба ҳамдигар мухолиф теѓ ба сари якдигар кашида, мамлакатро ба гирдоби буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор намуданд, ки дар натиҷаи он низоъҳои худхоҳона ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ кушта шуданд ва наздики як миллион нафар мардуми тоҷик гуреза гаштанд, хоҷагии халқи мамлакат ба маблаѓи 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар дида, корхонаю муассисаҳо, шаҳру деҳот валангор ва истеҳсолот аз фаъолият боз монда буд. Дар ҷумҳурӣ деҳа, хона ва оилае дарёфт кардан мушкил аст, ки дар асари даргириҳои дохилӣ хисороти моддӣ ва маънавӣ надида бошад.

Масалан,  дар нохияи Ёвон, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз ноҳияҳои калонтарину овозадор ба шумор мерафт ва дар бунёди иншоотҳои муҳими истеҳсолию манзилии он намояндагони беш аз 23 миллату халқият ҳиссагузор буданд, бар асари он даргириҳои бемаънӣ беш аз 430 нафар сокинон кушта шуданд, 294 манзили истиқоматӣ  сӯхтаю молу мулки 730 хонавода ба яѓмо рафт ва намояндагони дигар халқу миллатҳо аз ҳудуди ноҳияву кишвар фирор намуданд.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ садҳо кӯдакон ятиму бесаробон монданд ва дар маҷмӯъ дар он солҳои пуртаҳлука ба халқи тоҷик хатари гуруснагӣ, пош хӯрдани давлати тоҷикон ва шикасти миллати куҳанбунёд ба миён омада буд.

Тақдири баланди миллат будааст, ки фарзанди фарзонаи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вақту соати зарурӣ рӯи кор омаду он ҷанги нангини бародаркуш хотима ёфт. Имрӯз шукрона мекунем, ки аз файзи Истиқлолият Ватани маҳбубамон рӯз то рӯз ободу зеботар гашта истодааст. Аз шарофати сулҳу субот аст, ки фарзандони мо бо истифода аз шароити муносиби таълим дар мактабҳо мехонанд, сатҳу сифати донишомӯзӣ тадриҷан баланду беҳтар шуда, дар ин самт муваффақиятҳо сол аз сол бештар мегарданд. Аз файзи амнияти миллист, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш вусъати тоза мегиранд ва дар ҳар гӯшаву канори мамлакат садҳо корхонаҳои нав ва иншооти замонавии фарҳангиву меъморӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Аз баракати Ваҳдати миллист, ки обрӯву нуфуз ва қудрату тавоноии Тоҷикистони мо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд гардида истодааст.

Агар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамонро рӯи коѓаз биёрем, чандин китоб навиштан лозим меояд. Гап дар сари он аст, ки мо- сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол чи гуна аз ин пешравиҳо истиқбол мегирем ва оё насли наврасро метавонем дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба сӯи ободкориҳои тоза раҳнамун созем?

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун «насли ояндасоз» ва «ояндаи миллат» ном мебаранд. Чун сарнавишти ояндаи мо ва Ватани мо ба насли ҷавони имрӯза вобастагӣ дорад, пас, ҳамаи мо, чи коргару чи деҳқон, чи хизматчии давлативу чи соҳибкор дар баробари омӯзгорон масъулияти ба роҳи дуруст ҳидоят кардани кӯдакону наврасонро бар дӯш дорем. Ин қарзи ватандорӣ ва шаҳрвандии ҳар шахси калонсол аст. Мо бояд бидонем, ки таълиму тарбия танҳо аз мактабу омӯзгор вобаста нест. Кӯдакон аслан ба муҳити атроф, ҷамъият ва калонсолон тақлид карда, одоби гуфтору рафтори онҳоро такрор мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз, лозим аст, ки калонсолон дар кӯчаву бозор, дар дохили нақлиёти мусофиркашу дар ҷойҳои ҷамъиятӣ намунаи ибрати наслҳои пасоянд бошанд.

Худованди бузург дар китоби Қуръон моро ба он ҳидоят мекунад, ки аз неъматҳои сиҳатӣ, тинҷиву амният, сулҳу субот, хӯрданиву пӯшиданӣ, савориву истиқоматӣ ва он чи дар ихтиёр дорем шукргузор бошем, зеро «шукр гӯӣ, неъматат афзун шавад…». Агар дилу нияти мо нек ва мақсадамон саҳм гузоштан дар ободонии ҷомеа бошад, мо аллакай дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият аз худамон саҳме гузоштаем. То замоне ки некандешу хушбин набошем, наметавонем даъвои зиндагии шоиста кунем.

Бояд дар ёд дошта бошем ва ба фарзандон низ бифаҳмонем, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон натиҷаи ноогоҳӣ, худношиносӣ, носипосӣ ва ѓаразнокии як гурӯҳ одамон буд, ки пешравии мову кишвари моро қариб панҷоҳ сол ақиб партофт. Бояд худамон ва фарзандонамонро дар рӯҳияи некандешӣ тарбия намоем ва маънии зиндагиро дар некӣ кардан бубинем: некӣ ба ҳамсоя, некӣ ба ҳар як раҳгузар, некӣ ба шиносу ношинос, некӣ ба ҷамъият. Ана дар ҳамон сурат ҷомеаи мо рушд мекунад ва мо сазовори зиндагии шоиста мегардем.

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо аст ва ба қадри он бояд саривақт бирасем. Бо андеша ва кору амали некамон барои ҷовидонагии ин неъмати бебаҳо самимонаву содиқона кӯшиш намоем. Тоҷикистон хонаи бузурги мост ва онро танҳо худи мо ободу зебо мекунем.

Раҳматуллоев Мақсуд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg