БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҲХДТ БО АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Зарқалъа” вохӯрии гурӯҳи кории Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои фаъол ва собиқадорони ҲХДТ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Ализода А. А., раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Нозимов Талаб, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин, раиси ташкилоти ибтидоӣ   Ҷалолов Саид ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби ҳизбиён зикр гардид, ки Истиқлолият барои ҳар як фарди бонангу номус ва худшиносу худогоҳ имконият дод, то рӯи саҳфаи сафед ҳамеша аз созандагӣ эҷод кунанд, ихтироъ кунанд ва дар роҳи ободию пешрафти Тоҷикистони биҳиштосо қадамҳои устувор бигузоранд.

Марвриди зикри хос аст, ки вохӯрии мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани  ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давдатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Даҳаи тантанаҳо" ташкил ва  баргузор карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg